Девон. Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя

Муаллиф: Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя

Бахш: Адабиёти муосир, Назм, Шеър

Забон: Тоҷикӣ

Саҳифа: 184

Андоза: 1 018 КБ

Таҳия ва тадвини Исмоил Зарифӣ.


Амир Ҳушанг Ибтиҳоҷ, ки бо тахаллуси Ҳ. Алиф Соя машҳур аст, 6-уми исфанди соли 1306, мутобиқ ба 25-уми феврали соли 1928-и мелодӣ дар шаҳристони Рашт (дар шимоли Эрон) таваллуд шудааст. Ӯ аввалин фарзанди Мирзо Оқохон Ибтиҳоҷ ва Фотима Рифъат мебошад, ки ин хонавода соҳиби чаҳор фарзанд буданд.

Падараш Оқохон Ибтиҳоҷ аз мардони саршиноси Рашт буд ва муддате чун садри бемористони «Пури Сино»-и ин шаҳри Рашт ифои вазифа намудааст.

Таҳсилоти дабистон ва дабиристонашро дар он шаҳр ба поён расонид ва ҳамроҳи хонаводааш ба Теҳрон омад. Теҳрон барои вай дари ҷаҳони дигареро боз намуд. Дар муҳити ин шаҳри адабпарвар ба камол расидан ба ӯ имкон муҳайё намуд, ки дар понздаҳсолагӣ ба шеъргӯӣ пардозад.


Калидвожаҳо: Китоби Девон, Хушанг Ибтихоч Соя, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)