Маснавии маънавӣ. Дафтари шашум. Ҷалолуддини Балхӣ

Муаллиф: Ҷалолуддини Балхӣ

Бахш: Адабиёти классикӣ, Назм, Шеър

Барчасп: Маснавӣ

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Саҳифа: 284

Андоза: 2 МБ

Бисми-л-лоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Муҷаллади шашум аз дафтарҳои «Маснавӣ» ва баййиноти маънавӣ, ки мисбоҳи заломи ваҳм ва шубҳату хаёлоти шакку райбат бошад ва ин мисбоҳро ба ҳисси ҳайвонӣ идрок натавон кард, зеро мақоми ҳайвонӣ асфали софилин аст, ки эшонро аз баҳри иморати сурати олами асфал офаридаанд ва бар ҳавосс ва мадорики эшон дойирае кашидаанд, ки аз он дойира таҷовуз накунанд, «золика тақдиру-л-ъазизи-л-ъалим», яъне миқдори расидани амали эшон ва ҷавлони назари эшон падид кард, чунонки ҳар ситораро миқдорест ва коргоҳе аз фалак, ки то он ҳад, амали ӯ бирасад ва ҳамчун ҳокими шаҳре, ки ҳукми ӯ дар он шаҳр нофиз бошад, пас дар варои тавобиъи он шаҳр, ӯ ҳоким набошад. «Асамналлоҳу мин ҳабсиҳи ва хатмиҳи ва мо ҳаҷаба биҳи-л-маҳҷубин. Омин ё рабба-л-ъоламин».

Эй ҳаёти дил, Ҳусомуддин, басе
Майл меҷӯшад ба қисми содисе.
Гашт аз ҷазби чу ту алломае
Дар ҷаҳон гардон «Ҳусоминома»-е.
Пешкаш меорамат, эй маънавӣ,
Қисми содис дар тамоми маснавӣ.


Калидвожаҳо: Китоби Маснавии маънави. Дафтари шашум, Маснавии маьнави. Дафтари шашум, Маснавии манави. Дафтари шашум, Чалолуддини Балхи, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)